Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (GIZ) оид ба «Содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид

.

  

Рӯзи 16 июли соли 2024 ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи GIZ оид ба «Содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ» бо роҳбарии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин ва бо иштироки роҳбари лоиҳаҳои минтақавии GIZ Юдит Бланк, инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар баргузор гардид.

Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

  

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин, бо иштироки муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ, намояндагони тиҷоратӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар шаш моҳи соли 2024 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ баргузор гардид.

Баргузории ҷаласаи Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳия ва баррасии Стандартҳои миллии экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ (ESG) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

  

11 июли соли 2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи Стандартҳои миллии экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ (ESG) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарияти намояндагӣ ва коршиносони Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ баргузор гардид.