
Шоми дӯстӣ бо иштироки сарони давлатҳои иштирокчии ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ
Шоми имрӯз дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ Шоми дӯстӣ ташкил карда шуд.
Ифтитоҳи Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» дар шаҳри Душанбе
Субҳи рӯзи 27-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.