
Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин
28 апрел дар шаҳри Пекин дар ҳошияи Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланд “Як камарбанд, як роҳ” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот карданд.
Боздид аз Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин “Экспо 2019”
Нимаи дуюми рӯзи 28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо роҳбарони давлатҳои иштирокчии Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин “Экспо 2019”-ро тамошо карданд.
Иштирок дар идомаи кори Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланди “Як камарбанд, як роҳ”
27 апрел дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин кори Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланди “Як камарбанд, як роҳ” идома ёфт.