СИЁСАТИ МУВАФФАҚИ СИЁСАТМАДОРИ ТАВОНО

.

Тоҷикистони соҳибистиклол зери парчами ваҳдату хамбастагӣ, бунёдкорию созандагии пурсамар дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа беҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард.

ЛОИҲАИ ЯКУМИНТАФСИРИ СИЁСАТИ САВДОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЗМОНИ УМУМИҶАҲОНИИ САВДО БАРРАСӢ ГАРДИД

.

Рӯзҳои 23-27 сентябри соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи якуминтафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС)бо иштироки ҳайати расмии Котиботи СУС ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ таҳия карда шуд.

Баргузории мизи мудаввар вобаста ба МОИ

.

27 сентябри соли ҷорӣ дар Меҳмонхонаи Серенаи пойтахт бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар барои намояндагони сохторҳои давлатӣ ва субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар мавзӯи «Мушкилот ва дурнамои рушди соҳибкорӣ дар МОИ» доир гардид. Ҷаласаро Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Тоҷиддин Ҷӯразода, ки сарпарастии ин самтро ба уҳда дорад, ифтитоҳ ва роҳбарӣ намуд.