Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии вилояти Суғд ба зимистонгузаронӣ

.

Санаи 25 ноябри соли 2020 ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ баргузор гардида, дар он омодагии вилояти Суғд ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Вохурии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо роҳбари навтаъини Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷаноби Такасава Мунео

.

24 ноябри соли 2020 Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин Роҳбари навтаъини Агентии Яаония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷаноби Такасава Мунео ба ҳузур пазируфтанд.

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар вазорат ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

.

24 ноябри соли 2020 дар Вазрати рушди иқтисод ва савдо ҷамъомади тантанавии ҳайати кормандони вазорат ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ифтитоҳ карда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти вазорат ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосир, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштагони мо, ҳамзамон ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми кишвар мебошад.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное