Хушхабар: дар Намоишгоҳи байналмилалии «KIWIE» дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ 3 бонуи ихтироъкори тоҷик бо медалҳои тилло сарфароз гардиданд

.

25 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин маросими супоридани ҷоизаҳои байналмилалӣ ба 3 занҳои ихтироъкори ҷумҳурӣ Зоидова Муътабар - ходими илмӣ, химияи пайвастагиҳои гетеросиклӣ, Мухтарова Парвина - ассистенти кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии Донишкадаи такмили ихтисос ва баъдидипломии кормандони соҳаи тиб ва Маҳмудова Тахмина - Муовини декан оид ба илм ва донишҷӯёни шартномавии факултети «Нақлиёт»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ, ки дар 13 – умин Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор «KIWIE – 2020» ва Форуми байналмилалии занҳои ихтироъкор, иштирок намуда, соҳиби медали тилло гардиданд, баргузор гардид.

Ифтитоҳи марҳилаи дуюми Корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагини ҶДММ “Ваҳдат текстайл” дар шаҳри Душанбе

.

24 декабр дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ марҳилаи дуюми Корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат текстайл”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли яхмоси ҶДММ “Ҳурия” дар шаҳри Душанбе

.

24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар минтақаи саноатии пойтахт ҳамчунин ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҳурия” оғози расмӣ бахшиданд. Коргоҳи мазкур мавсимӣ буда, ба истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос машғул аст.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное