Баргузории ҷаласаи нахустини Гурӯҳи корӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2022 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2023-2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

1 апрели соли 2021 дар доираи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2020, №74-ф ва нақшаи баргузории рӯнамоҳо, ки бо фармоиши Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз 30 октябри соли 2020, №89 ба тасвиб расидааст, дар вазорат бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2022 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2023-2024 баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанавӣ перомуни ба синни нафақа расидани кормандони соҳибтаҷрибаи вазорат – Бекматов Бозоралӣ Мирзоевич ва Зоҳиров Додарҷон Сафарович

.

Имруз, 1 апрели соли 2021 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки Вазир Завқизода Завқӣ Амин, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зертобеи вазорат ҷамъомади тантанавӣ перомуни ба синни нафақа расидани кормандони соҳибтаҷрибаи вазорат – Бекматов Бозоралӣ Мирзоевич ва Зоҳиров Додарҷон Сафарович баргузор гардид.

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ

.

31 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи 9-умин Конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейширо ба ҳузур пазируфтанд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное