Шарҳи ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Пешвои миллат

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба шарҳи ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 22 декабри соли 2017 чорабинӣ баргузор гардид.

Дар он роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва Маркази миллии патенту иттилоот, инчунин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, узви Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Назирӣ ширкат варзиданд.

Ҷамъомадро Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ифтитоҳ карда, иброз намуданд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат раҳнамои воқеии мардуми кишвар барои соли 2018 ва солҳои минбаъда мебошад. Зеро дар Паём бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафи олӣ, яъне муҳайё гардонидани зиндагии арзанда барои ҳар як сокини мамлакат ҳалли масъалаҳо дар ҳамаи соҳаҳо ва самтҳо ба таври возеҳ нишон дода шудаанд.

Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои алоҳида, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои болозикр, бахусус доир ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ вазифагузориҳо карда шудааст. Вобаста ба он дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” зикр гардидаанд, таҳия гардида, мавриди иҷро қарор дорад ва кормандони вазорат дар ин самт кӯшишу ғайратро дареғ надошта, кору фаъолияташонро бештар тақвият хоҳанд бахшид.

Сипас, роҷеъ ба аҳамият ва нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат оид ба самтҳои асосии фаъолияташон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, узви Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон Назирӣ Гулбаҳор, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорати рушди иқтисод ва савдо З.Кенҷаев, Ф.Восидиён, С.Ҳамидов, Т.Маликов ва М.Сайфуллоев ибрози андеша намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное