Новости Министерства



Таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷаҳонафрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорат ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ширкат варзиданд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин кормандонро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи ҷаҳонафрӯз, самимона табрику шодбош намуда, аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд: "Яке аз анъанаҳои пурарзиши наврӯзӣ ин аст, ки мардум макони зист, ашёи рӯзгор ва сару либоси хешро тозаву озода мегардонанд, ҳамчунин, ботину зоҳири худро аз кинаву адоват, хушунату бадбинӣ пок месозанд ва ҳамдигарро бо чеҳраи шоду оғӯши кушода қабул мекунанд."

Инчунин қайд намуданд, ки бо заҳмату талошҳои пурсамари Пешвои муаззами миллат чашни Наврӯзи Аҷам аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ бо қарорномаи "Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз" ба тасвиб расид. Чунин ташаббуси дурандешонаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат дар замони бархӯрди фарҳангҳо барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва шинохтани миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати соҳибтамаддун нақши арзишманд гузошт.

Дар ҷараёни ҷашни тантанавӣ як қатор кормандони Дастгоҳи марказӣ бо руҳияи идона барои боз ҳам хушу хотирмон гузаштани чорабинӣ дар васфи Наврӯзу баҳор бо шукргузорӣ аз фазои соҳибистиқлолии кишвар сухаронӣ намуданд.

Ҷашни Наврӯз ҳамасола дар вазорат бо анъанаҳои аҷдодӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное