Новости Министерства



Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 10-умин Форум оид ба содагардонии савдо дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором иштирок кард

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

Рӯзҳои 29-30 августи соли 2022 дар кишвари Сингапур 10-умин Форум оид ба содагардонии савдо дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ иштирок намуд.

Дар форум асосан дастовардҳои кишварҳои минтақа вобаста ба масъалаҳои марбут ба содагардонии расмиёти савдо, рақамикунонии соҳаи савдо, бартараф намудани паёмадҳои манфии пандемияи COVID-19, инчунин иштироки самараноки корхонаҳои хурду миёна ва кишварҳои камтараққикарда дар низоми савдои бисёрҷониба муаррифӣ карда шуданд.

Абдураҳмонзода А. С. дар панели сатҳи баланд баромад намуда, қайд кард, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти содагардонии расмиёти савдо як қатор корҳои назаррас амалӣ гардидааст.

Аз ҷумла Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо таъсис дода шуда, Портали савдои Тоҷикистон ва низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман мавриди истифода қарор доранд, инчунин як қатор ҳуҷҷатҳои стратегии марбут ба савдо, аз ҷумла Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани ҳадафҳои лоиҳаҳои минтақавӣ ва тақвияти ҳамгироии савдои минтақавӣ мусоидат менамояд.

Инчунин Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо ҳамчун роҳбари Гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) оид ба савдо дар робита ба дастовардҳои кишварҳои СПЕКА ва лоиҳаҳои татбиқшавандаи минтақавӣ оид ба содагардонии расмиёти савдо ва дурнамои тақвияти робитаҳои тиҷоратӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар робита ба ин барои расидан ба ҳадафу вазифаҳои санадҳои қайдгардида ва лоиҳаҳои татбиқшаванда ҷиҳати таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои минтақа ҷалби сармояи хориҷӣ ва расонидани кӯмакҳои техникӣ аз ҷониби шарикони рушд зарур арзёбӣ карда шуд.

Дар чорабинӣ аз ҷониби коршиносони ташкилотҳои байналмилалӣ таъсиси Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъол гардонидан Портали савдои Тоҷикистон, инчунин «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ» ҳамчун ислоҳоти назаррас байни кишварҳои минтақа арзёбӣ карда шуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное