Новости Министерства



Вохурӣ бо намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Санаи 05 июли соли 2022 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии муовини якуми Вазир, Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ленни Монтиел баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҳамкории Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Маркази машваратии Барномаи рушди СММ, дастовардҳо ва қадамҳои минбаъда мубодилаи афкор намуданд.

Таъкид карда шуд, ки минбаъд низ ҳамкорӣ дар самти тақвияти фаъолияти котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукаммалсозии низоми мониторинг ва арзёбӣ, ҳамгироии Ҳадафҳои рушди устувор бо ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, аз ҷумла барномаҳои сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ идома дода мешавад.

Дар интиҳо ҳарду ҷониб омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное