Новости Министерства



Мизи мудаввар бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ аз Ҷумҳурии Корея

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

30 июни соли 2022 таҳти роҳбарии Сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Шарифи бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ мизи муддавар оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ аз Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар мизи муддавар вобаста ба тартиби таҳия намудани лоиҳаҳо ва интихоби самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея, тақвияти ҳамкориҳои бисёрсамта аз ҷониби Дилшод Шарифи рӯнамо пешниҳод гардид.

Дар кори мизи мудаввар қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд ёфтааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Корея қарор дорад, ки барои ҷалби маблағгузориҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзнок имконияти муфид фароҳам оварда шудааст.

Қайд кардан бамавридаст, ки дар соли 2020 Ҷумҳурии Корея ба кишварҳои рӯ ба тарақӣ 2,2 млрд. доллар маблағҳои грантӣ ҷудо намуда, дар 10 соли оянда ин маблағ ду маротиба меафзояд.

Мизи мудаввар дар фазои кушод, дӯстона ва созанда баргузор гардид, ҷонибҳо вобаста ба масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои “Иқтисоди сабз”, “Иқтисоди рақамӣ”, таъсиси “Паркҳои технологӣ” ва “Технологияҳои рақамӣ”, “Содагардонии расмиёти савдо” ва ҷорӣ намудани Низоми “Савдои электронӣ” мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва шумули масъалаҳои тағйирёбии иқлимро баррасӣ намуда, ҷониби тоҷикистонӣ умедвори дастгирии минбаъдаи ҷониби кореягиро вобаста ба таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо изҳор намуд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное