Новости Министерства



Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ дар соли 2022

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

30 июни соли 2022 ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ дар соли 2022 бо роҳбарии Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид-Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбари Гурӯҳи корӣ) баргузор гардид.

Дар маҷлис тибқи нақша ду барнома мавриди баррасӣ қарор дода шуд, аз ҷумла Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар СУС ва Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022

Дар рафти маҷлис Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ-Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло–Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои барномаҳои мазкур ва дастовардҳову мушкилиҳо рӯнамо манзур намуданд, сипас доир ба иҷрои онҳо аъзои Гурӯҳи корӣ фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.

Тибқи Нақшаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии барномаҳои рушди соҳавию минтақавӣ дар соли 2022 ҷараёни иҷрои 27 барномаи соҳавӣ ва минтақавӣ ба нақша гирифта шудааст.

То имрӯз ва дар доираи Гурӯҳи кории байниидоравӣ муҳокимаи натиҷаи ҷараёни татбиқи 10 барномаи соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷаи амалишавии онҳо гузоришҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное