Новости Министерства



Сафари Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода З. А. ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон барои шиносоӣ ва идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

Дар асоси дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои банақшагирифташуда ва давом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин рӯзи 23 октябри соли 2021 ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода шуд.

Дар рафти сафари кории навбатӣ Завқизода З. А. аз раванди сохтмони иншоотии ҷашнӣ, корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъмиру таҷдиди биною иншоот, кабудизоркунӣ ва шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, аз ҷумла дар боғи фарҳангию фароғатии маркази ноҳия, корҳои сохтмонӣ дар Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, биноҳои маъмурӣ, синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дидан намуданд.

Завқизода З. А. бо назардошти дастуру ҳидоятҳои пайвастаи муҳтарам Пешвои муаззами маллат масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷро вазифадор намуданд, ки корҳои бунёдкорию созандагиро дар ноҳия идома дода, ҷиҳати истифодаи пурра ва самараноки иқтидори мавҷуда, ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, сохтмони биноҳои баландошёна, ободу зебо намудани кӯчаҳо ва биною иншооти маркази ноҳия, истифодаи самараноки замин, гирифтани 3-4 ҳосил аз як замини корам, тақвияти ниҳолшинонӣ, ташкили боғҳои интенсивӣ, парвариши гулу буттаҳои ороишӣ, иҷрои саривақтии нақшаи даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар, таъмини амният ва ҳимояи сарҳади давлатӣ, пурра ба истифода додани иншоотҳои банақшагирифташуда, инчунин бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар ноҳия чораҳои амалӣ андешанд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное