Новости Министерства



Иштироки Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода А. С. дар муаррифии лоиҳаи “Ready4Trade”-и Осиёи Марказӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

Рӯзи 11 июни соли 2021 бо роҳбарии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ чорабинӣ оид ба муаррифии лоиҳаи “Ready4Trade”-и Осиёи Марказӣ ва татбиқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Чорабиниро Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода А. С. ифтитоҳ карда, ҳамзамон қайд намуданд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” ва содагардонии расмиёти савдо як қатор корҳои назаррас амалӣ гардидааст.

Инчунин Абдураҳмонзода А.С. дар робита ба иқдоми амалинамуда оид ба таъсири манфии COVID-19 ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва бартараф намудани оқибатҳои он сухан гуфта, иброз доштанд, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дар робита ба масъалаи мазкур як қатор тадбирҳои назаррас андешида шудааст, ки дар натиҷаи он ММД дар соли 2020 82,5 млрд. сомонӣ ва рушди воқеии он 4,5 фоизро ташкил дод.

Ҳамзамон дар кори чорабинӣ намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Агентии содирот, Хадамоти гумрук, Сарраёсати Агентии омор, инчунин намояндагони бахши хусусӣ, Маркази байналмилалии савдо дар Конфедератсияи Швейтсария ва дигар ташкилотҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуда, вобаста ба татбирҳои роҳандозишуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар пасманзари паҳншавии коронавируси COVID-19 татбиқ гардидаанд, аз ҷониби маърӯзачиён баҳои баланд дода шуд.

Қайд бояд кард, ки ин лоиҳа ба чор самти асосӣ: содагардонии расмиёти савдо, тиҷорати электронӣ, масъалаи гендерӣ ва савдои наздисарҳадӣ равона шуда, бо мақсади рушди устувори иқтисодӣ тавассути савдои дохилиминтақавӣ ва байналмилалӣ дар 5 кишвари Осиёи Марказӣ Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон Туркманистон ва Ӯзбекистон пешбинӣ гардидааст.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное