Новости Министерства



Сафари навбатии корӣ ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзи 2 юми январи соли 2020 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ба ноҳия Панҷи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни сафари корӣ дар мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Панҷ, ҷамоати деҳоти Намуна ва Меҳвар бо иштироки роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти марбута, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, раисони ҷамоатҳову шаҳраку деҳот, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо ва фаъолон ҷамъомади васеъ баргузор намуда, перомуни муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 декабри соли 2019 баён доштанд, суханронӣ карда шуд.

Ҳамзамон рафти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияи Панҷ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ҷиҳати татбиқи саривақтии Нақшаи чорабиниҳои болозикр ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастур ва супоришҳои мушаххас дода шуд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное