Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Завқизода Завқӣ Амин

 

Санаи таваллуд:

17 майи соли 1972

Ҷойи таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Ҳамадонӣ

Маълумот: Олӣ

Хатмкардаи:

Ихтисос: Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит, иқтисоддон

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ш.Душанбе:

1995 – Баҳисобгирии бухгалтерӣ, аудит ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ (бо дипломи аъло)

Донишгоҳи миллии Австралия, ш. Канберра:

2001 – Магистри рушди иқтисодӣ

Донишгоҳи миллии Австралия, ш. Канберра:

2006 – Доктори илмҳои иқтисодӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад:

Тоҷикӣ – модарӣ,

Русӣ – озод,

Англисӣ – озод.

Кадом мукофоти давлатӣ дорад: Бо медали «Хизмати шоиста» бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2016, №723 ва Ифтихорномаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 сентябри соли 2017 сарфароз гардонида шудааст.

Собиқаи корӣ:

1990 – 1995

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон

1995 – 1996

Иқтисодчии дараҷаи якуми шуъбаи методологияи Идораи татбиқи сиёсати монетарии Бонки миллии Тоҷикистон

1996 – 1997

Иқтисодчии дараҷаи якуми шуъбаи таҳлил ва пешбинии иқтисодии Идораи татбиқи сиёсати монетарии Бонки миллии Тоҷикистон

1997 – 1998

Сариқтисодчии шуъбаи қарздиҳии Идораи татбиқи сиёсати монетарии Бонки миллии Тоҷикистон

1998 – 2002

Сардори Шуъбаи қарздиҳии Идораи татбиқи сиёсати монетарии Бонки миллии Тоҷикистон

2003 – 2006

Докторант ва муаллими фанҳои макроиқтисодӣ ва молияи Донишгоҳи миллии Австралия

2006 – 2007

Муовини Сардори Идораи амалиёти бозори озоди Бонки миллии Тоҷикистон

2007 – 2011

Мушовири Директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор – Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои мазкур

2011 – 2014

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

2014 – 2017

Мушовири калони бахши Ёрдамчиии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ

2017 – 2020

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

2020 – то ҳол

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное