Навиди Вазорат

Иштирок дар “5-умин Иҷлосияи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва офатҳои табиӣ”

.

25 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “5-умин Иҷлосияи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва офатҳои табиӣ”, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳо - иштирокчиёни вохӯрии 16-уми котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

.

23 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳо - иштирокчиёни вохӯрии 16-уми котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфтанд.

Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Карима Ҳамид Форёбӣ

.

23 июни соли 2021 дар ҳошияи Форуми иқтисодии Созмони Ҳамкории Шанхай дар мавзӯи «Тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия» вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Карима Ҳамид Форёбӣ дар фазои дӯстиву рафоқат баргузор гардида, дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное