Навиди Вазорат

Шиносоӣ бо лоиҳаи минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” дар шаҳри Хоруғ

.

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо лоиҳаи минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим”, қитъаи алоҳида дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд.

Вохӯрии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо бо директори Ассосиатсияи кластерҳо, технопаркҳо ва минтақаҳои махсуси иқтисодии Федератсияи Россия

.

Санаи 29 сентябри соли 2021 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо директори Ассосиатсияи кластерҳо, технопаркҳо ва минтақаҳои махсуси иқтисодии Федератсияи Россия Шпиленко Андрей Викторович баргузор гардид.

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шуғнон

.

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳияи Шуғнон!

Сафари кории мо ба ноҳияи биҳиштосои Шуғнон замоне баргузор мегардад, ки чанд рӯз қабл мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Шуғнон сиюмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро бо эҳсоси саршор аз ифтихори ватандорӣ таҷлил намуданд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное