Навиди Вазорат

Ифтитоҳи зеристгоҳи барқии Восеъ, зеристгоҳи барқии Рӯдакӣ ва хатти интиколи барқ дар ноҳияи Восеъ

.

 

 

 

  

20 октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбук зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари бахши сармоягузориҳои Осиё ва Африқо дар Мудирияти сармоягузории Қатар, Раиси Шӯрои директорони Ширкати фаромиллии телекоммуникатсионии «Ooredoo Group» — Шайх Файсал ибни Сонӣ Оли Сонӣ

.

  

18 октябри соли 2023 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Роҳбари бахши сармоягузориҳои Осиё ва Африқо дар Мудирияти сармоягузории Қатар, Раиси Шӯрои директорони Ширкати фаромиллии телекоммуникатсионии «Ooredoo Group» — Шайх Файсал ибни Сонӣ Оли Сонӣ баргузор гардид.

Форуми иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Қатар дар шаҳри Душанбе баргузор гардид

.

  

Дар доираи сафари расмии ҳайати Давлати Қатар ба Тоҷикистон 19 октябри соли 2023 Форуми иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Қатар таҳти роҳбарии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо – Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ва Роҳбари бахши сармоягузориҳои Осиё ва Африқо дар Мудирияти сармоягузории Қатар, раиси Шӯрои директорони ширкати «Ooredoo Group» — Шайх Файсал ибни Сонӣ Оли Сонӣ баргузор гардид.