Навиди Вазорат

Ҷашни Истиқлол дар Вазорат

.

Бахшида ба 24-уми солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили сазовор аз 700 - солагии шоир ва мутафаккири барҷастаи тоҷику форс Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 7 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ доир гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорат, кормандони Дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва номзади илмҳои педагогӣ, ходими калони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ, Саидзода Ҷамолиддин ширкат варзиданд. 

Кормандони Вазорат бахшида ба ҷашни Истиқлол мукофотонида шуданд

.

3-юми сентябри соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба 24-умин согарди Истиқлолияти кишвар маросими ба як қатор кормандон супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид, ки дар он ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Фаррух Ҳамрализода, роҳбарияти Вазорат ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ширкат варзиданд.