Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абулғайт
16 октябри соли ҷорӣ дар «Кохи Сомон» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абулғайтро ба ҳузур пазируфтанд.