Навиди Вазорат

Мулоқот бо муовини Раиси Шурои машваратии сиёсии мардумии Чин, Раиси Кумитаи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ хонум Шэн Юэюэ

.

  

30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо муовини Раиси Шурои машваратии сиёсии мардумии  Чин, Раиси Кумитаи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ хонум Шэн Юэюэро ба ҳузур пазируфтанд.

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Остона ва ҷаласаи 2-юми вазирони иқтисод ва савдои Қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин»

.

  

30 майи соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Форуми байналмилалии Остона (AIF) ҷаласаи дуюми вазирони иқтисод ва савдои Қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо – Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид иштирок ва суханронӣ намуд.

Мулоқот бо Директори генералии Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) Салим ал-Молик

.

  

30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) Салим ал-Моликро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.