Навиди Вазорат

Баргузории ҳамоиши ҷавонони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

  

2 октябри соли 2024 дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 августи соли 2024, №30251 (265) дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки Муовини Вазир Восидиён Фарҳод Саъдулло, Муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Раҳимзода Шабнам Карим ва кормандони вазорат, бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» ҳамоиши бошукӯҳ баргузор гардид.

Муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти зеҳни сунъӣ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар

.

  

2октябри соли 2024 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дар Форуми тиҷоратии Муколамаи Ҳамкории Осиё зери унвони «Зеҳни сунъӣ ва моделҳои нави тиҷорат», ки дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Сафари корӣ ба Давлати Қатар

.

  

2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё ба Давлати Қатар сафар карданд.