Навиди Вазорат

Созмони Умумиҷаҳонии Савдо омодагии худро ҷиҳати расонидани кумакҳои техникӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд

.

Рӯзҳои 15-16 ноябри соли 2019 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Вазири рушди иқтисодва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Директори Департаменти баҳодиҳии сиёсати савдои СУС Вилли Алфаро,  Директори Донишкадаи такмили ихтисос ва ҳамкории техникии СУС хонум Бриҷит Чилала,  Мушовири калон оид ба мусоидати рушди савдои Маркази байналмилалии савдо Муҳаммад Саид, намояндагони Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупова Конфронси СММ оид ба савдо мулоқот намуда, масъалаҳоро вобастаба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва савдо баррасӣ намуданд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Рӯзи 16 ноябри соли 2019 дар Вазорати рушди иктисод ва савдо ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута таҳти раёсати Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлаталӣ Саид баргузор гардид.

Ҷамъомади идона ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Рӯзи 15 ноябри соли 2019 дар Вазрати рушди иқтисод ва савдо ҷамъомади тантанавии ҳайати кормандони вазорат ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро муовини Вазир Тоҷиддин Ҷӯразода ифтитоҳ карда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти вазорат ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд ва қайд кард, ки мувофиқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз 14-уми майи соли 2016 қабул шудааст, дар Тоҷикистон 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное