Навиди Вазорат

Пaйрaвӣ aз иқдоми Пешвои миллaт

.

Роҳбарият ва кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар пайравӣ аз иқдоми хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни таъмини кафолати иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирӣ ва табобати беморӣ, аз маоши вазифавии худ ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, интиқол доданд.

ИНТИХОБИ АРЗАНДА

.

Солҳои охир пойтахти кишвари азизамон ободу зебо ва нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии он ба куллӣ беҳтар гардид. Соли 2019 маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) ба 15,1 миллиард сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба соли 2016 - ум 5 миллиард сомонӣ ё 49,5 фоиз зиёд мебошад. МММ ба ҳар нафар аҳолӣ бошад, дар ин давра 50 фоиз афзуд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное