Навиди Вазорат

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар корнамоиҳои бузурги иқтисодӣ нишон доданд

.

Рӯзи 16 ноябри соли 2020 дар Вазрати рушди иқтисод ва савдо ҷамъомади тантанавии ҳайати кормандони вазорат ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ифтитоҳ карда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти вазорат ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар корнамоиҳои бузурги иқтисодӣ нишон доданд.

Мулоқоти Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ бо Намояндагони Ассотсиатсияи «KOSHUMA»

.

12 ноябри соли 2020 Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳмонзода А.С. бо ҳайати Корея таҳти роҳбарии Намояндаи Ассотсиатсияи «KOSHUMA» ҷаноби Ҷэ Бок Шин мулоқот намуданд. Инчунин дар мулоқоти мазкур Сафири Фавқулода ва Муҳтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сеул муҳтарам Шарифзода Ю. иштирок карданд.

Иштироки кормандон дар намоиши драмавии "Ишқи Ватан"

.

11 ноябри соли 2020 дар Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ" драмаи "Ишқи Ватан" баргузор гардид. Дар намоиши мазкур кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Муассисаи давлатии «Маркази миллии патентии иттилоотӣ»-и вазорат иштирок намуданд. Намоиш ба ифтихори «75 солагии ғалаба дар ҷангӣ бузургӣ Ватанӣ» ва ба рӯзгори фаъоляти шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ бахшида шуда буд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное