Навиди Вазорат

Иштирок дар бунёди боғи интенсивӣ дар “Боғи миллии Ваҳдат”

.

Дар ҷараёни сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки масоҳати умумиаш 700 гектарро ташкил медиҳад, дар масоҳати 5 гектар боғи нави интенсивии сиёҳолуи навъҳои “Стенлей” ва “Венгерка” бунёд карданд.

Боздид аз КВД "Дӯзандагӣ" ва "Пойафзолбарорӣ"-и Агентии таъминоти амволи махсус дар вилояти Суғд

.

Имрӯз ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон аз фаъолияти Корхонаҳои воҳиди давлатии "Дӯзандагӣ" ва "Пойафзолбарорӣ"-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ пайдо карданд.

Боздид аз гармхонаи ҶДММ “ММК Агро” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

.

3 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК Агро” дидан намуда, дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили помидор ширкат варзиданд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное