Навиди Вазорат



Рӯзи иқтисодчиён дар Вазорат таҷлил гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзи 8 апрел дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба Рӯзи иқтисодчиёни ҷумҳурӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорат, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ ширкат варзиданд.

Ҷаласаро муовини якуми Вазири рушди итисод ва савдо Завқизода Завқи Амин ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар ҷаласа қайд гардид, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю кӯшиши иқтисодчиёни кишвар, аз ҷумла кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба як мақсад нигаронида шудааст - ин ҳам бошад аз таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар, ки метавонад ҷумҳуриамонро ба яке аз давлатҳои мутараққӣ, некӯаҳвол ва пешрафтаи минтақа табдил диҳад, иборат мебошад.

Дар интиҳои чорабинии тантанавӣ як қатор кормандони дастгоҳи марказии вазорат барои фаъолияти пурсамарашон бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён бо Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки 2 августи соли 2011 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту иловаҳо ворид карда шуд ва мутобиқи он минбаъд ҳамасола 8 апрел ҳамчун Рӯзи иқтисодчиёни кишвар қайд карда мешавад.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное