Навиди Вазорат



Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

26 декабри соли 2018 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор шуд.

Дар толор аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо садои суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Дар ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное