Навиди Вазорат



Встреча Завкизода Завки Амин с представителями Международного рейтингового агентства «Moody’s».

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

31 октябри соли 2018, Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Завқизода Завқи Амин ва намояндагони Вазорати молия бо ҳайати Агентии рейтингии байналмилалии Moody's мулоқот анҷом доданд. Дар рафти вохӯрӣ Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи имрӯзаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ, дурнамо ва хатарҳо, омилҳои асосӣ ва сарчашмаҳои рушди маблағгузорӣ иттилоъ дод.

Дар рафти вохӯрӣ муҳиммият ва зарурати таҳқиқи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар муайян намудани баҳоҳои рейтинг, аз ҷумла зарурати баррасии рейтинги Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шуд.

Инчунин зикр карда шуд, ки бо мақсади паст кардани таъсири манфии мушкилоти беруна ба рушди устувори иқтисодиёт, Ҳукумати ҷумҳурӣ як гурӯҳи кории доимии байниидоравӣ таъсис додааст.

Намояндагони Вазорати молия дар бораи масоили молиявӣ ва имкониятҳои мавҷуда барои ҷалби инвеститсияҳо дар бахши мазкур иттилоъ доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили молиявӣ ва буҷетӣ, аз ҷумла пардохти қарзи давлатиро баррасӣ кардаанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ Муовини якуми вазир изҳори умедворӣ намуд, ки Ташкилоти Агентии рейтингии байналмилалии Moody's, чун ҳарвақта Тоҷикистонро дар масъалаҳои рушд дастгирӣ намуда, ба болоравии рейтинги кишвар мусоидат менамояд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное