Мулоқоти Вазир Неъматулло Ҳикматуллозода бо хонум Тлевлесова Сауле Январбековна

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзи 22 октябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ, ки таҳти роҳбарии хонум Тлевлесова Сауле Январбековна ҷиҳати баргузор намудани Шӯрои идоракунии ташкилоти мазкур ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, баргузор гардид.

Ҳангоми мулоқот, ки бо ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳо байни МД "Маркази миллии патенту иттилоот" - и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ, аз ҷумла дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии навоварон ва ихтироъкорони хурду бузург, фаъолият ҷиҳати боло бурдани дархостҳо барои гирифтани патент дар минтақаи Авруосиё, тақвияти ҳимояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ва ҳуқуқи муаллиф ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.

Дар интиҳо тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное