Навиди Вазорат



Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз мамнуъгоҳи “Хуталон” дар ноҳияи Данғара

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

1 апрели соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварда, дар Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Хуталон” бо вазъи ин мамнуъгоҳ шинос шуданд.

Масоҳати заминҳои мамнуъгоҳи “Хуталон” 6 ҳазор гектарро ташкил дода, бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ин ҷо паррандагону чорвои нодир, аз қабили “оҳуи холдор”, “уреал-гусфанди куҳии бухороӣ”, “муфлон” ва аз паррандагон бошад, асосан “тазарв” парвариш меёбад.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи зиёд намудани саршумори оҳуи холдорговазни бухороӣ, хуки ваҳшӣ ва мурғи тазарв” қарори махсус қабул намуда буд ва дар доираи татбиқи ин қарор то имрӯз дар саросари кишвар барои рушди соҳа, парвариши бештари чорво ва паррандагони нодир, ки ба китоби сурхи Тоҷикистон ворид карда шудааст, тадбирҳои мушаххас амалӣ мегардад.

Айни ҳол дар мамнуъгоҳи “Хуталон” беш аз 500 сар оҳуи холдор мавҷуд аст ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири афзоиши саршумори он, инчунин тоза кардани насли ин ҳайвони нодир имрӯз беш аз 70 сар оҳуи холдорро, ки аз Федератсияи Россия ворид карда шуда, ба иқлиму табиати Тоҷикистон мутобиқ мебошанд, дар ҳудуди мамнуъгоҳ сар доданд.

Баъди эълон шудани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва беҳтар кардани вазъи фаъолияти мамнуъгоҳҳои кишвар таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ, аз ҷумла шикорчиён ба имкониятҳои рушди туризми байналмилалии Тоҷикистон бештар мегардад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оянда бо дарназардошти имкониятҳои фаррох, боду ҳавои мусоид ва замини зархез барои парвариши ҳайвонҳои нодир мувофиқ, дар ҳудуди ноҳияи Данғара боз ду мамнуъгоҳ дар майдони 22 ҳазор гектар таъсис дода мешавад.

Зимни шиносоӣ бо вазъи мамнуъгоҳи “Хуталон” дар посух ба таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба шароити мамнуъгоҳ, иттилоъ дода шуд, ки барқарорсозии муҳити экологӣ, набототу ҳайвонот ва парандагони он хуб ба роҳ монда шудааст.

Ҳоло дар ин мавзеъ гавазни бухорӣ, оҳуи холдор, муфлон ва дигар ҳайвонот зиндагӣ мекунанд ва шумораи мурғи даштӣ ва дигар парандагону ҳайвонот низ рӯй ба афзоиш овардааст.

Тавре маълум гардид, дар мамнуъгоҳи “Хуталон” ба ғайр аз ҳайвоноти нодир парвариши паррандаҳои нодир низ ба роҳ монда мешавад.

Соли 2017 мурғи фазан, ё ин ки тазарв низ аз Чехия ба ҷумҳурӣ оварда шуд ва аз руи маълумоти мутахассисон баъди парвариш ва афзоиш дар Хоҷагии деҳқонии “Раҳмонҷон” танҳо дар соли 2018 беш аз 1200 сар парандаи фазан дар мамнуъгоҳҳои ноҳияи Данғара барои афзоиш сар дода шуданд.

Мурғи тазарв низ аз шумули паррандаҳои нодири табиати Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар мамнуъгоҳи “Хуталон” ҳамчунин 90 гектар боғи мевадиҳандаи дарахтони себ, нок ва чормағз мавҷуд аст, ки бо таъсиси он даҳҳо нафар сокинони ноҳияи Данғара соҳиби ҷойи корӣ доимӣ ва даромади хуби иқтисодӣ мегарданд.

Баъди шиносоии пурра бо вазъи мамнуъгоҳи “Хуталон” ва сар додани оҳуҳои холдор дар ин ҷо Сарвари давлат диққати кормандони мамнуъгоҳ ва роҳбарияти ноҳияро ба масъалаи вусъати парвариши паррандаҳо, зиёд намудани саршумори чорвои нодир, инчунин оид ба ҷоннок намудани корҳои ободонӣ, ба тартиб даровардани ҳудуди мамнуъгоҳ, таъмини хурок ба ҳайвонот дар фасли сармо, дигар ҳайвоноту наботот ва тавассути ин муҳайё намудани заминаи рушди туризм, супоришҳо доданд.

Мавриди зикри хос аст, ки табиати нотакрору биҳиштосои Тоҷикистон имрӯзҳо таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро бештар ба худ ҷалб кардааст.

Хислатҳои ҳамидаи меҳмоннавозию инсондӯстии Пешвои миллат, амну субот дар саросари кишвар, сиёсати дарҳои бози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди бахшҳои муҳим, фасли зебои баҳор, руду чашмаҳои мусаффо, куҳҳои сарбафалак, мавзеъҳои таърихӣ, мамнуъгоҳҳо, дар сатҳи олӣ ва бошукуҳу шаҳомат таҷлил кардани ҷашну идҳои умумиллӣ ва байналмилалии Наврӯз ва дигар омилҳо, имкон фароҳам меорад, ки ташрифи сайёҳон ба хусус дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар гардад.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное