Навиди Вазорат



Ифтитоҳи Маҷмааи меҳмонхонаи байналмилалии «Парламент» дар шаҳри Хуҷанд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

29 марти соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ҳамчунин бо бардоштани парда аз болои лавҳа ба фаъолияти Маҷмааи меҳмонхонаи байналмилалии «Парламент» расман оғоз бахшиданд.

Ин меҳмонхонаи замонавӣ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар мавзеи хушманзараи шаҳр — кӯчаи Сирдарё дар соҳили дарё бо тарҳи зебою замонавӣ дар ҳудуди як гектар замин қомат афрохтааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, ифтитоҳи ин иншооти замонавӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Тоҷикистон, хоссатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи туризм ва фароҳамсозии имконоти васеи истироҳату фароғат барои меҳмонони ин шаҳри зебои кишвар мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити ин меҳмонхона ба сифати корҳои сохтмонию бунёдии он баҳои баланд доданд. Лоиҳаи меҳмонхонаи мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Шаҳрофар» таҳия шуда, паймонкори он кооперативи тиҷоратии «Пирӯз» мебошад. Меҳмонхонаи «Парламент» дорои 29 ҳуҷра, аз ҷумла, 6 ҳуҷраи дараҷаи олӣ (делюкс), 15 ҳуҷраи олӣ (люкс) ва 8 ҳуҷраи стандартӣ бо 160 ҷой мебошад. Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бо ҷалби сармояи Тоҷикистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Қирғизистон дар муддати 5 сол бунёд карда шудааст ва дар ҷараёни корҳои сохтмонии он то 250 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Дар ошёнаи якуми меҳмонхона нуқтаи савдо ва хизматрасонӣ, тарабхона ҷойгир буда, дар таҳхонаи он ошхона ва ҳаммом бунёд ёфтааст. Таъкид гардид, ки дар ин иншоот дар марҳалаи аввали кор 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Дар Маҷмааи байналмилалии меҳмонхонаи «Парламент» шароити васеи хизматрасонӣ, аз ҷумла, сайёҳӣ ва тамошо барои мизоҷон мавҷуд аст. Меҳмонхона, ки бо меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст, дорои толори фитнес ва саққобозӣ низ мебошад, ки мизоҷон метавонанд аз шароити варзишии он ба таври васеъ ҳамарӯза истифода баранд. Мағозаи ҷавоҳирот ва туҳфаҳои гуногун, ки дар ин меҳмонхона ҷойгир аст, дар он ашёҳои гуногун бо рамзу нигоришҳои инъикоскунандаи фарҳангу арзишҳои миллӣ пешниҳоди меҳмонону сайёҳон карда мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити меҳмонхона дар шафати он майдончаи варзиширо барои қариб 70 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор доданд. Тавре иттилоъ дода шуд, рушди соҳаи варзиш, махсусан футбол дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла, шаҳри Хуҷанд тайи солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо фароҳамсозии имконоти бештари машқу тамрин барои ҷавонон рӯ ба рушд овардааст. Дар майдончаи варзишии шафати меҳмонхона, ки бо меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст, шароити хуби баргузории бозиҳои гуногун, аз ҷумла, футбол, волейбол, баскетбол, бадминтон ва теннис муҳайё мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи ин иншооти варзишӣ барои ҷалби ҳарчи бештари ҷавонону наврасон ба машқу тамрин ва солимгардонӣ ба масъулин дастур доданд. Дар қабати ин иншооти варзишӣ ҳамчунин майдончаи хурди футбол барои наврасони то 12-сола бунёд гардидааст.

Воқеан ҳам метавон гуфт, ки дар солҳои соҳибистиклолии кишвар Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи варзиш, ки ба солимии миллат алоқамандии зич дорад, таваҷҷуҳро бештар намуда, барои ҷавонон дар ин самт имконоти беҳтар фароҳам сохтааст.

Ифтитоҳи Маҷмааи меҳмонхонаи байналмилалии “Парламент”-ро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон, хосса сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд туҳфаи арзанда арзёбӣ намуда, ба истифода додани ин гуна иншоотро барои ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистони дорои табиати зебою имконоти зиёди туристӣ муҳим маънидод намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное