ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «БРЕНДИ СОЛ-2017»

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

13 декабри соли 2017 дар Меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол-2017» таҳти унвони «ҚУЛЛАИ ШАРАФ» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва доираи васеи бахши хусусӣ ширкат варзиданд.

Чорабинии мазкурро бо суханони муқаддимавӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо, Неъматулло Ҳикматуллозода оғоз намуда, афзуд, ки дар доираи чунин чорабиниҳо, имсол бо мақсади ташвиқ ва тарғиби соҳаи ҳифзи ҳуқуқии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян ва пешниҳод намудани намунаҳои идоракунии боэътимоди брендҳо, ҳавасмандгардонии ширкатҳо барои истифодабарии брендинг, озмуни навбатии ҷумҳуриявии «Бренди сол-2017», таҳти унвони «Қуллаи шараф» гузаронида шуда, ҷамъбаст гардид.

Пешбурди бренд имконият медиҳад, ки ширкатҳо фаъолияти тиҷоратии худро боз ҳам равнақ диҳанд ва тавассути рақобатпазир намудани молу маҳсулоти истеҳсолкардаашон дар рушди иқтисоди кишвар ҳиссагузор бошанд, зикр намуд, дар идомаи суханронӣ Н. Ҳикматуллозода.

Дар маҷмӯъ 64 ширкате, ки ҷиҳати иштирок дар озмун дархост пешниҳод намуданд, 64-тои онҳо сазовори ҷоизаҳои гуногун гардиданд.

Ҳамин тариқ, барои иштироки фаъол 16 нафар соҳиби диплом, 7 нафар бо ҷоизаи биринҷӣ ва 10 нафар ба ҷоизаи нуқрагии озмун мушарраф гардиданд.

Инчунин, 30 нафар бо ҷоизаи тиллои «Бренди сол-2017» ва 1 нафар ба ҷоизаи тиллоии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ сазовор гардиданд. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное