Навиди Вазорат



Инноватсия барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи СПЕКА

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

5-6 декабри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Форуми иқтисодии Барномаи махсуси СММ барои иқтисоди Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар мавзӯи “Инноватсия барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи СПЕКА” баргузор гардид.

Дар форуми мазкур намояндагони як қатор вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, инчунин намояндагони кишварҳои аъзои СПЕКА иштирок намуданд. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода оғоз намуда, афзуд, ки фаъолияти инноватсионии ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ба самти рушд ва тақвияти истеҳсоли молҳои содиротӣ ва молҳои воридотивазкунанда нигаронида шудааст.

Вобаста ба ин, аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи мусоидат ба содирот ва воридотивазкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардид, ки тамоми имкониятҳои мавҷударо бо дарназардошти навовариҳо баҳри беҳтар намудани вазъи содирот дар соҳаҳои калидии иқтисодиёт ба монанди саноат, энергетика, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва ғайра дар бар мегирад. Яке аз роҳҳои рушди фаъолияти инноватсионии кишвар, ин рушди минтақаҳои озодии иқтисодии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад ва аз ин хотир дар кишвар 4 минтақаи озоди иқтисодӣ - «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» таъсис дода шудаанд.

Дар ин раванд алакай минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Данғара» ба комёбиҳои муайян ноил гардида, маҳсулоти бо истифода аз технологияҳои нав ва инноватсионӣ истеҳсолгардидаро ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба фурӯш бароварда истодаанд.

Сипас, аз ҷониби дигар иштирокчиёни форум вобаста ба масъалаҳои мавриди назар рӯнамоҳо ва мубодилаи афкори судманд сурат гирифт. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное