Навиди Вазорат



Таҷлили 23-юмин солгарди қабули Конститутсия дар Вазорат

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарияти Вазорат, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ бахшида ба 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин оид ба нақш ва мақоми Конститутсия дар ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқ ва озодиҳое, ки тибқи Конститутсия ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ кафолат дода шудааст, сухан ронда, кормандонро ба ин санаи фархунда табрик намуданд.

Кормандони Раёсати таъминоти ҳуқуқии Вазорат Суман Зуҳурова ва Аброр Бутаев моҳият ва муҳтавои Конститутсияи ҷумҳуриро муаррифӣ карда, нақши онро дар пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар зикр намуданд.

Дар анҷом, оид ба паҳлӯҳои гуногуни Конститутсияи ҷумҳурӣ байни кормандон суолу ҷавоб ва мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.  

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное