Навиди Вазорат



Иштироки Вазир дар ҷаласаи солонаи 50-уми Шӯрои Мудирони БОР

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзҳои 3-6 майи соли ҷорӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар ҷаласаи солонаи 50-уми Шӯрои Мудирони Бонки Осиёии Рушд (БОР), ки дар шаҳри Ёкоҳамаи Япония баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар ҷаласаи мазкур, ки таҳти унвони “Ояндаи Осиёро бо ҳам дурахшон месозем” (Building Together the Prosperity of Asia) баргузор гардид, ҷамъбасти фаъолияти БОР дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳисоботҳои молиявӣ, тақсимоти фоидаи соф, буҷет барои соли 2017, захираҳои бонк, дастурамалу низомномаҳо, инчунин расмиёти кумитаи роҳбарикунанда барои солҳои 2017-2018 ва макону замони ҷаласаҳои минбаъдаи БОР тасдиқ карда шуданд.

Дар ҳошияи ҷаласа вохӯриҳои дуҷонибаи Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Президенти Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Такеҳико Накао, ноиби Президент - ҷаноби Венкай Жанг, Директори департаменти буҷет, кадрҳо ва идораи низом – ҷаноби Тошио Ойя, Директори департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ - ҷаноби Шон О’ Салливан, Муовини Директори департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ - ҷаноби Ҳонг Вей ва Директори иҷроияи Шӯрои директорон - ҷаноби Кшатрапати Шиваҷӣ сурат гирифтанд.

Зимни мулоқотҳо ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар соҳаҳои афзалиятнок изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Ҳамзамон, ҳайати кишвар аз намояндагони ширкатҳои японӣ, ки маҳсулоти хешро дар чорабинии алоҳидаи БОР ба намоиш гузошта буданд, даъват ба амал оварданд, ки бо ҳамтоёни тоҷикистонии худ дар татбиқи тарҳҳои мутақобилан судманд ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ бо истифода аз ашёи хоми Тоҷикистон ҳамкории зичро ба роҳ монанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное