Вохӯрии Вазир бо Питер Фернандес Карди

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Роҳбари намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Осиёи Марказӣ, ҷаноби Питер Фернандес Карди баргузор гардид.

Зимни мулоқот, ки дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид, ҷонибҳо атрофи ҳадаф ва афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳоти кишоварзӣ, саноат, гидроэнергетика, сайёҳӣ, татбиқи лоиҳаҳои нав, дастгирии бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир баён доштанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное