Навиди Вазорат



Нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти Вазорат дар соли 2016

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 дар бораи баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти навбатии матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ, ки бо иштироки наздики 30-намояндаи воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар доир гашт, Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорат ва муассисаҳои тобеъ ширкат варзиданд. Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби Вазир роҷеъ ба фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар соли 2016 маълумоти мухтасар манзур гардид. 

Сипас, дар ҷараёни нишасти матбуотӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорат ба суолҳои хабарнигорони воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои гуногуни вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар посух гардонида шуд.

Дар аснои нишасти матбуотӣ масоили мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла дурнамои рушди иқтисоди кишвар, вазъи феълии минтақаҳои озоди иқтисодӣ, фаъолияти Гурӯҳи корӣ доир ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва Комиссияи доимоамалкунанда оид ба таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот, робитаҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бо давлатҳои хориҷӣ, алалхусус Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, эҳтимолияти воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва муносибати мутақобилаи ҷумҳурӣ бо Хазинаи Байналмилалии Асъор, ҷараёни татбиқи Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, истеҳсол ва содироти алюминий, масъалаҳои истеҳсоли либосҳои мактабӣ ва пойафзоли кӯдакона, таъсири рушди иқтисодӣ ба вазъи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное