Вохӯрӣ бо намояндаи БОР

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

10 январи соли 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии намояндагони Вазорат бо намояндаи Бонки Осиёии Рушд оид ба таҳлили лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ- Ҳамоҳангсози Раёсати Осиё ва Уқёнуси ором, ҷаноби Ҷозеф Лим сурат гирифт.

Дар вохӯрӣ намояндагони Вазорат аз ҳамкориҳои самарабахши соҳа миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд изҳори қаноатмандӣ намуданд. 

Сипас, ҷонибҳо лоиҳаи сармоягузории сохтмони роҳи оҳан аз истгоҳи роҳи оҳани «Спитамен» то минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр гардид, ки амалисозии лоиҳаи мазкур на танҳо ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ «Суғд», балки ба рушди бахши хусусии вилояти Суғд низ мусоидат хоҳад кард.

Дар навбати худ ҷаноби Ҷозеф Лим омодагии хешро аз дастгирии лоиҳаи асосноккунии техникию иқтисодии «Сохтмони роҳи оҳан аз истгоҳи роҳи оҳани «Спитамен» то МОИ «Суғд» изҳор дошт.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар доираи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ баён доштанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное