Навиди Вазорат



Вохӯрии Умед Давлатзод бо Артур Радзивилл

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

12 декабри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод бо Директори Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) оид ба стратегияи кишварӣ ва сиёсат, ҷаноби Артур Радзивилл баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дастгирии низоми бонкии кишвар ва сайёҳӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БАТР баён доштанд. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное