Навиди Вазорат



Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо хонум Пратибҳа Меҳта

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

6 декабри соли 2016 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, вохӯрии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид/Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, хонум Пратибҳа Меҳта сурат гирифт. 

Дар оғоз Неъматулло Ҳикматуллозода аз ҳамкориҳои самарабахши соҳа миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои бонуфузи СММ, минҷумла, Барномаи рушди ин созмон изҳори қаноатмандӣ намуд.

Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид/Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, хонум Пратибҳа Меҳта дар навбати худ бо арзи сипосу арҷмандӣ аз пазироӣ афзуд, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар сатҳи баланд, бешак барои самаранок ва саривақт амалӣ гардидани лоиҳаҳои муштарак мусоидати фаъол хоҳанд кард.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Барномаи рушди СММ омодагии худро баён доштанд. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное