Навиди Вазорат



Ҷаласа бо иштироки коршиносони БРСММ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

5 декабри соли 2016 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии натиҷаҳои таҳлили ҳамгироии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллию соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки дар ҳамкорӣ бо коршиносони Барномаи Рушди СММ анҷом дода шудааст, баргузор гардид. 

Дар чорабинии мазкур Муовини Вазир – Умед Давлатзод, аъзои Гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз оид ба таҳияи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва ҳайати коршиносони Дафтари марказӣ ва минтақавии Барномаи Рушди СММ ширкат варзиданд.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо, Умед Давлатзод ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, оид ба ҷараёни таҳия ва тасдиқи Стратегияи миллии рушд ва Барномаи миёнамуҳлати рушд маълумот дод.

Ҳамзамон, Умед Давлатзод вобаста ба аҳамияти ин ду ҳуҷҷати стратегии кишвар, афзалиятҳои рушди мамлакат ва ҳамоҳангсозии вазифаҳои стратегии рушди ҷумҳурӣ бо Ҳадафҳои Рушди Устувор тазаккур дод.

Сипас, гурӯҳи коршиносини Барномаи Рушди СММ натиҷаҳои таҳлили ҳамгироии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллию соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳадафҳои Рушди Устуворро муаррифӣ намуданд

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное