Конфронси 5-уми ҳамкориҳои байниминтақавӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

1-уми декабри соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси 5-ум оид ба ҳамкории байниминтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳои марбута ва бахши хусусии ҳарду ҷониб баргузор гардид.

Ҷаласаи пленариро Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидраҳмон Назризода ва Муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Александр Сибулский, бо суханони муқаддимавӣ ифтитоҳ намуданд.

Сипас, аз рӯи рӯзномаи кори конфронс мизҳои мудаввар дар мавзуъҳои «Рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи кишоварзӣ», «Вазъ ва танзими ҳуқуқии равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ байни Россия ва Тоҷикистон», «Дурнамо ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва инфрасохтори нақлиёту саноат» ва ғайра бо ҳузури масъулини вазорату идораҳо, инчунин бахши хусусӣ сурат гирифт.

Дар аснои мизҳои мудаввар ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкори судманд намуданд.

Дар интиҳои кори конфронс бошад аз рӯи натиҷаҳои бадастомада қарори дахлдор қабул гардид.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное