Навиди Вазорат



Вохӯрии Умед Давлатзод бо Маҷибур Раҳман Бхуиян

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

23 ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод бо Сафири Ҷумҳурии Халқии Бангладеш ҷаноби Маҷибур Раҳман Бхуиян баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои саноати нассоҷӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Бангладеш баён доштанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное