Навиди Вазорат



Семинари машваратӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

18 ноябри соли 2016 бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Тоҷикистон» семинари машваратӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар доир гардид. 

Чорабинии мазкурро бо суханони муқаддимавӣ муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назризода ва муовини раиси шаҳри Душанбе Шуҳрат Мақсудзода ифтитоҳ намуданд.

Сипас, аз рӯи рӯзномаи семинар-машварат сардори Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдо З.Кенҷаев Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ», инчунин «Нақшаи мукаммалгардонӣ ва рушди савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ барои солҳои 2015-2017» ва сармутахассиси Раёсати ҳамкориҳои бо СУС-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо А.Абдураҳмонов «Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти ҶТ вобаста ба узвият дар СУС»-ро муаррифӣ намуданд.

Дар аснои чорабинӣ дар мавзуъҳои «Вазъи санитарию эпидемиологӣ дар бозори истеъмолӣ», «Таҳлили нархҳо, тарифҳо ва рақобат дар бозори истеъмолӣ», инчунин лоиҳаи қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи қоидаҳои намунавии савдои чаканаи молҳои озуқаворӣ ва ғайриозуқаворӣ» ва лоиҳаи қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи Қоидаҳои пешбурди феҳристи савдо ва хизматрасонии маишӣ» намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдори кишвар маърӯзаҳо намуданд.

Дар интиҳои семинар-машварат миёни ширкаткунандагон саволу ҷавоб ва мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное