Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб
16 июли соли 2025 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло ибни Тавқ Ал-Маррӣ баргузор гардид.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи сарони ҳарду давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб муҳтарам Шайх Муҳаммад бин Зоид Оли Наҳён муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи баланд баромаданд.
Қайд гардид, ки ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол миёни ду кишвар дар шаш моҳи аввали соли 2025 беш аз 2 баробар афзудааст. Бо вуҷуди ин ҷонибҳо зарурати тавсеаи тиҷорати дутарафаро таъкид намуда, ба мувофиқа расиданд, ки имкониятҳои истифоданашударо дар соҳаҳои саноат, энергияи сабз, кишоварзӣ, авиатсия, сайёҳӣ ва логистика пурра истифода намоянд.
Дар рафти вохӯрӣ Завқизода З. А. аз ҷониби Амороти Муттаҳидаи Араб хоҳиш намуд, ки ширкатҳои аморатӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла рақамикунонӣ, саноати коркард, истихроҷ, инфрасохтор, логистика ва туризм лоиҳаҳои сармоягузорӣ татбиқ намоянд.
Бо назардошти аҳамияти энергияи сабз Завқизода З. А. иштироки Фонди рушди Абу Дабиро дар сохтмони НБО «Роғун» муҳим арзёбӣ намуда, даъват ба амал овард, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар баимзорасонии созишномаи сармоягузорӣ раванди мувофиқа ва омодасозии ҳуҷҷатҳои зарурӣ тезонида шавад.
Дар посух ба пешниҳодҳои ироашуда, ҷониби Амороти Муттаҳидаи Араб иброз дошт, ки Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод ва дорои дурнамои васеи ҳамкории иқтисодӣ дар минтақа арзёбӣ менамояд ва омодааст ҷиҳати баррасии пешниҳодҳо ва густариши ҳамкорӣ, аз ҷумла ҷалби бештари сармояи аморатӣ ба соҳаҳои афзалиятнок мусоидат намояд.
Қайд бояд кард, ки дар доираи сафари расмии Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб фардо Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ бо иштироки доираҳои соҳибкорони тоҷик ва аморатӣ баргузор мегардад.