Мулоқот бо намояндагони корпоратсияи исломӣ оид ба рушди хусусӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

20 апрели соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мулоқоти Муовини Вазир Камолиддинзода Илёсиддин бо ҳайати намояндагони Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ таҳти Роҳбарии хонум Нидо Раза, ки бо мақсади роҳандозии фаъолиятҳои машваратӣ барои ташкилотҳои молиявӣ (Барномаи IFI), Сукук ва барномаҳои бозорӣ (Барномаи SCM) ва дастгирии саноату бахши хусусӣ (Барномаи IBES), инчунин дарёфти роҳҳои нави таҳкими робитаҳо бо сохторҳои давлатию хусусӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, баргузор гардид.

Дар оғоз Муовини Вазир, Камолиддинзода Илёсиддин фазои мусоиди сармоягузории ҷумҳурӣ, алалхусус имконоти мавҷудаи минтақаҳои озоди иқтисодиро муаррифӣ намуда, сипас аснои мулоқот ҷонибҳо атрофи рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои ҳаётан муҳим, минҷумла иқтисод ва тиҷорат, энергетика, коркард ва содироти маҳсулоти соҳаи хоҷагии қишлоқ аз қабили пахта ва меваи тару тоза мубодилаи афкори судманд намуданд.

Қобили тазаккур аст, ки шароити мусоиди фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ боиси ҳавасмандии ҷониби Корпоратсияи исломӣ гардид. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное