Навиди Вазорат



Мулоқоту музокироти Тоҷикистону Тотористон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

22 феврал дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тотористон баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот ба Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, ба сатҳи баргузории мусобиқаи байналмилалии омехтаи “Бозиҳои оянда” баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки Федератсияи Русия шарики стратегӣ ва ҳампаймони Тоҷикистон буда, ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳо як ҷузъи муҳими муносибатҳои ду кишварро ташкил медиҳад.

Тавре зикр гардид, ҳоло беш аз ҳаштод субъекти федералии Русия бо Тоҷикистон робитаҳои мустақим доранд.

Зимни гуфтушунид таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Тотористон манфиатдор аст. Аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, ба мисли металлургия, саноати химия, сабук, хурокворӣ ва дорусозӣ ҳамчун самтҳои дорои дурнамои судбахш номида шуд.

Ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои барои ҳар ду кишвар судовари энергетика, истихроҷи маъданҳо ва нафту газ, сохтмон ва кишоварзӣ, инчунин таъсиси марказҳои муштараки савдои яклухт ва логистикӣ дар Тоҷикистон ва Тотористон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Пешниҳод карда шуд, ки ҳамкорӣ барои омодасозии кадрҳои соҳибихтисос мутобиқи талаботи бозори меҳнат тақвият дода шавад.

Дар рафти мулоқоту музокирот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ мувофиқаҳои судбахш ҳосил шуд.

 

http://prezident.tj/ru/node/32748

 

 

 

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное